Jump to content

Аскар Акаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аскар Акаевич Акаев
қирғ. Аскар Акаев
Акаев в августе 2016 году
Акаев в августе 2016 году
парчам
1-умин 1-ум Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
27 октябри 1990 — 11 апрели 2005
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Қурмонбек Боқиев

Таваллуд 10 ноябр 1944(1944-11-10)[1][2][3][…] (80 сол)
Падар Акай Токоев
Модар Асель Токоева
Ҳамсар Mayram Akayeva[d]
Фарзандон Aidar Akayev[d] ва Bermet Akayeva[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Эътиқод атеизм
Соядаст
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Акаев Аскар – (10 ноябр соли 1944 дар вилояти Чуйи Қиғизистон) олим, доктори илми техникӣ (1981), Президенти АИ ҶШС Қирғизистон (1989-1990). Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (1990-2005). узви вобастаи АИ ҶШС Қирғизистон (1984, ихтисос- «механикаи дақиқ ва оптика»). Узви хориҷии Академияи илмҳои ҶТ (1997). (1996), узви ҳақиқии хориҷии Академияи илмҳои Русия (2006).

Зиндагинома

Акаев Аскар Институти механикаи дақиқ ва оптикаи Ленинградро хатм кардааст (1967). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: коркарди оптикаи иттилоот, назарияи техникаи ҳисоббарор ва радиофизикаи квантӣ, техникаи оптики ҳисоббарор. Мудири Шӯъбаи илм ва маорифи КМ ПК Қирғизистон (1986-1987), ноиби президенти АИ ҶШС Қирғизистон (1987-1989), президенти АИ ҶШС Қирғизистон (1989-1990), профессор, сарходими илмии Институти таҳқиқоти математикии системаи мураккаби ба номи И.Пригожини ДДМ ба номи М.В.Ломоносов (2005).[4] Бо ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Достик» дараҷаи 1 (Қазоқистон) сарфароз гардидааст. Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Қирғизистон (1977), ҷоизаи Фонди байналмилалии «Иттиҳод» (2005), ҷоизаи байналмилалии «Ҳофизи сулҳу некӣ» (Россия, 2000), ҷоизаи байналмилалии «Барои хидмат дар Иттиҳоди ҷаҳони туркзабон» (Туркия, 1999). Бо медали Пушкин (Россия, 1999), ордени олии Донишгоҳи Сорбонна (Франсия, 2003) ва мукофотҳои дигар тақдир шудааст.[5]

Пайвандҳои беруна