Jump to content

Имомат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 18:03, 27 Январ 2022 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (ислоҳи имло using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Имома́т (ар. إمامية‎) — яке аз усули каломӣ ва муҳимтарин рукни эътиқодии маз­ҳаби шиъаи имомия аст, ки онро аз дигар фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ ҷудо ва мута­моиз сохтааст.

Пас аз зуҳури фирқаҳои сиёсӣ-эътиқодӣ дар байни ум­мати ис­лом ва бурузи шикоф ва чанддастагӣ дар ваҳдати фикрии онҳо ҳар гу­рӯҳе ба­рои таъйиди бардоштҳои динӣ ва таҳкими мавқеи эътиқодии худ ба таъвили нусуси шаръ, барпо намудани истидлолоти каломӣ ва бинои усул ва қавоиди ақлие даст заданд, ки мутакаллимони шиаи имомия дар ин замина тавонойии бештар ва сибоқ — даву ғеҷи пештаре аз дигарон доштаанд ва дар таъйиди ас­ли имомат айнан ҳамин корро кардаанд.

Яке аз усули ақлии онҳо қои­даи лутф ва вуҷуби ақлӣ аст, ки бар асоси он бар Худованд ақлан лозим ва воҷиб аст, ки ҷиҳати ҳимо­яи масолеҳи бандагон ва ҳифзи онҳо аз фитнаву фасод ва бероҳӣ пас аз вафо­ти паёмбар барои онҳо имоме насб ва таъйин на­мояд, ҳамон гуна ки пеш аз ин барои ҳидояти онҳо паёмбаре фиристодааст. Насби имом лутфи илоҳӣ бар мардум аст ва набояд Худованд чунин лутферо аз онҳо дареғ дорад.

Дар боби имомат ду амри дигар: вуҷуби исмат — лағжишнопазирӣ ва фазилати имом бар дигарон низ зарурати ақлӣ дорад, ба ин маъно ки яке аз зерусул ва ё фаръи имомат он аст, ки шахси имом ҳатман бояд маъсум ва аз иртикоби гуноҳон ва маосӣ пок бошад, то битавонад дигаронро ислоҳ намояд ва вазифаи ило­ҳии худро ба хубӣ анҷом диҳад. Фаръи дигари он вуҷуби афзалияти шахси имом бар дигарон аст, зеро дар сурати баробар будани вай бо дигарон дар фазлу бузургӣ дигар ҳеч далеле барои имомат ва пешвойии ӯ боқӣ намемонад ва тарҷеҳи било мураҷҷеҳ ба шумор меравад, ки он муҳол аст. Пас таъмини ин ду зерасл дар имомат ақлан ва ба суратӣ бадеҳӣ вуҷуби таъйини имомро бар Худованд ва бо нассе сареҳ ё дар Қуръон ва ё дар сунати паёмбар (с) тақозо мекунад, зеро ин амрро каси дигаре ғайр аз Худо анҷом дода наметавонад.

Вуҷуб ва зарурати асли имомат ба ин шакл назди аҳли хирад ҳам бо далоили ақлӣ ва ҳам бо усули шаръ мардуд ва бепоя аст, зеро агар чунин лузум ва за­рурате вуҷуд медошт ва ё агар — бино ба гуфтаи шиаён бар Худо воҷиб ме­буд, пас чаро онро ба мисли дигар рукнҳои имон ба таври са­реҳ дар Қуръон зикр накард!? Оё қоидаи лутф ва вуҷуби ақлӣ тибқи назарияи онҳо аз Худо­ванд тақозо накард, ки асли имоматро бо сароҳат дар Қуръон зикр намояд ва ҳа­маи мусулмононро шомили ин лутф гардонад ва дар басти он танҳо ба даҳ дарсади онҳо — шиаёни имомия басанда кард!? Агар имомат ба ин маъно дар ин сатҳ аҳаммияти динӣ медошт ва мақбулияти имони банда назди Худованд ва ҳамин тавр саодат ва растагории охирати инсон ба он бастагӣ медошт, пас чаро Худо онро аз аксари мардум ниҳон дошт — бо сароҳат зикр накард ва онҳоро аз биҳишт ва саодати ухравӣ маҳрум гардонд ва оё ин бо асли лутфи илоҳӣ ва қоидаи вуҷуби ақлӣ созгор аст!?

  • Доиратулмаорифи Форсӣ, ҷ. 2. — Теҳрон, 1398.