Jump to content

Аргун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аргун
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Рӯйхати оби Русия
20030200112118100000022
Рамзи ҳавза 20.03.02.001
Рамзи ТҲ 118100002
Ҷилди ТҲ 18 (нашр 1)[1]
Аргун
дар Викианбор

Аргу́н (дар болоб — Хайла́р; бур. Υргэнэ, муғ. Эргүнэ, Шаблон:Lang-evn, чинӣ: 额尔古纳河) — рӯд дар Русия ва Чин.

Аргун бо рӯди Шилка якҷоя рӯди Амурро ташкил медиҳад. Дарозиаш 1620 км, масоҳати ҳавзааш 164 ҳазор км². Аргун аз кӯҳҳои Хингани Калон (Хитой) оғоз ёфта, дар водии васеъ ҷорӣ мешавад (саргаҳаш ин ҷо Хайлар ном дорад). Аргун дар дарозии 1300 км сарҳади давлатии байни Россия ва Хитой аст. Манбааш — асосан борон. Дар мавсими сербориш бо ҳавзаи кӯли Далайнор ҳамроҳ мешавад. Шохобҳои асосиаш аз чап — Урюмкан, Газимур (дар ҳудуди Русия), аз рост Гэн-хэ, Нюэрхэ (дар ҳудуди Хитой). Дар ҳавзаи Аргун зиёда аз 1800 кӯл мавҷуд аст. Дар Аргун киштигардӣ доимӣ нест. Дар Аргун қариб 60 намуди моҳӣ мавҷуд аст.

  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 18. Дальний Восток. Вып. 1. Амур / под ред. С. Д. Шабалина. — Л.: Гидрометеоиздат, 1966. — 487 с.