Jump to content

Афсар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хизматчиёни ҳарбии отделенияи 56-ум бригадаи ДШБ, артиши 40-ум дар Афғонистон. Шаҳри Гардез, соли 1987.
Низомиёни гурӯҳи 56-ум гунди ҳавобурди артиши 40-ум дар Афғонистон. Шаҳри Гардез, соли 1987.

Афсáр (форсӣ: افسر‎ > англ. officer > лот. officiarius — «кордор, масъул» аз лот. officiumкор, масъулият) — касе, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ, милиса, пулис ва дигар сохторҳои низомӣ дараҷаи сардорӣ ва симати фармондеҳӣ дошта бошад.

«Афсар» вожае форсӣ (форсӣ: افسر‎ > порсии миёна: afsar > порсии бостон: * api-sara- > * api- + * sara- «сар», яъне «ончи бар сар гузоранд») ва маънии аслияш «тоҷ, кулоҳи подшоҳон» аст[1]. Вале «афсар» аз қадим ба маънои «сардор; раҳбар» низ ба кор мерафтааст, чуноне ки дар «Таърихи Табарӣ» омадааст: «Бидон ки падари ту афсари қавм буд»[2]. Бузургвор Фирдавсӣ афсарро дар «Шоҳнома» ба маънои «фармондеҳ, солор, сарвар» борҳо ба кор бурдааст:

Ба Гуштосп гуфт: «Эй набарда савор,
Сари саркашон, афсари корзор,
Чӣ номат, ба ман гӯй шаҳру нажод?»
В-аро з-ин сухан ҳеч посух надод[3].

Ҳамин маънои маҷозии «афсар» ва ҳамовоии он бо фр. «officier» ва англ. «officer» далел шуда, ки он дар нерӯҳои мусаллаҳ ба маънии «сардор» ба кор гирифта шавад.

Афсар дорои дараҷаи низомӣ ё интизомӣ аст. Аввалҳо ашхосеро, ки соҳиби баъзе мансабҳои давлатӣ буданд, афсар меномиданд. Бо пайдо шудани артиши кирояи доимӣ ва нерӯи дарёӣ (асри 16) дар Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо фармондеҳони лашкар афсар ном гирифтанд. Дар артиши Русия мансабҳои афсарӣ нахустин бор дар садаи XVI ҷорӣ шуданд. Дар Русия аз оғози садаи XVIII афсарҳо ба солорон ё генералҳо, афсарони ситод (русӣ: штаб-офицеры аз олмонӣ: Stabsoffizier) (аз майор то полковник) ва абар–афсар (русӣ: обер-офицеры аз олмонӣ: Oberoffizier) аз капитан поён) тақсим мешуданд. Баъди Инқилоби Октябр тамоми дараҷаҳои афсарӣ барҳам дода шуд. Соли 1943 дар паи раво шудани сардӯшиҳо дар Артиши Сурх ва Нерӯи дарёӣ саркардагон, сардорон ва солорон «афсар» ном гирифтанд.

Афсарони Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила рутбаҳои афсарӣ мавҷуданд[4]:

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 244.
  2. 2.0 2.1 Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1.
  3. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 6. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 88
  4. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125
  5. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  6. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  7. 7.0 7.1 Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2.