Jump to content

Википедияи Тоҷикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Favicon Википедия
Википедияи Тоҷикӣ
Логотипи фасл
URL: tg.wikipedia.org(тоҷ.)
Навъи лоиҳа: хайриявӣ
Навъи сайт: донишномаи бархат
Сабти ном: ихтиёрӣ
Забон: тоҷикӣ
Молик: Wikimedia
Оғоз: 27 январ 2004
Шумораи мақолот: 114 068 (70-ум ҷой)
Шумораи парвандаҳо: 519
Шумораи саҳифаҳо: 278 199
Шумораи вироишот: 1 413 848
Корбарони сабтиномшуда: 53 574
Корбарони фаъол: 67
Мудирон: 6
Жарфо: 10,5
 Парвандаҳо дар Викианбор

Википедияи Тоҷикӣ (форсӣ: ویکی‌پدیای تاجیکی‎, лот. Vikipediai Tojikī) — бахше аз донишномаи интернетии Википедия ба забони тоҷикӣ, ки монанди дигар бахшҳои забонӣ ройгон ва озодона вироиш мешавад. Дар таърихи 27 январи соли 2004 таъсис шуд.

Таърих

Донишнома 27 январи соли 2004 таъсис ёфтааст. Декабри соли 2006 шумораи мақолаҳои он аз 3 500 номгӯй, корбаронаш 200 нафар ва 2 нафар мудирро ташкил медод. 11 августи соли 2011 Википедияи Тоҷикӣ дорои 9 373 мақолаҳо (дар ҷойи 78) буд. Дар 19 майи соли 2012 шумораи мақолаҳои он аз 10 000 гузашт ва дар радаи яксаду даҳуми Википедияҳо қарор гирифт. Дар таърихи 17 декабри соли 2015 шумораи мақолаҳои Википедияи Тоҷикӣ беш аз 40 000 ташкил медод ва 20 декабри соли 2019 корбарони Википедияи тоҷикӣ шумораи 100 000 мақоларо убур карданд.[1]

Дар байни википедияҳои забонии кишварҳои Осиёи Марказӣ википедияи тоҷикӣ дар ҷойи сеюм, баъд аз википедияҳои қазоқӣ ва узбакӣ қарор гирифтааст.

Байни википедияҳои форсизабон бошад, википедияи тоҷикӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад.

Омори эҷод

Омори эҷоди корбарон нисбати таълифи мақолаҳо, шаблонҳои нав вироиши мақолаҳои гуногуни Википедия пайваста меафзояд.

Вазъи Википедияи Тоҷикӣ барои имрӯз чунин аст:

  • Шумораи мақолот: 114 068 (68-ум ҷой)
  • Шумораи парвандаҳо: 519
  • Шумораи саҳифаҳо: 278 199
  • Шумораи вироишот: 1 413 848
  • Корбарони сабтиномшуда: 53 574
  • Корбарони фаъол: 67
  • Мудирон: 6
  • Жарфо: 10,5[2].

Шумораи корбарони Википедияи Тоҷикӣ гарчанде пайваста зиёд шуда бошанд ҳам (нигаред: шумораи корбарон — 53 574), фаъолияти аксари онҳо дар вироишу такмили мақолаҳо хотима ёфтааст.

Омори Википедияи Тоҷикӣ дар замонҳои мухталиф

Омори Википедияи Тоҷикӣ дар замонҳои мухталиф
Таърих Ҷой Мақолаҳо Саҳифаҳо Вироишот Жарфо Корбарон Фаъол Мудирон Парвандаҳо
19 майи 2012 110 10 001 4 354
10 апрели 2013 115 10 834 20 134 342 075 12,5 8 795 37 4 379
9 декабри 2013 96 23 004 34 635 375 560 2,8 9 884 41 5 459
25 декабри 2013 90 25 251 39 128 382 575 3,0 9 973 41 5 505
20 январи 2014 85 29 005 48 992 397 992 3,8 10 090 48 6 547
20 январи 2015 85 30 750 3,8 6 547
20 январи 2016 84 40 143 89 693 740 286 12,6 14 012 63 4 559
24 октябри 2017 62 87 496 160 179 1 000 437 4 17 939 70 4 344
1 феврали 2018 61 93 096 165 927 1 017 272 3,8 20 977 66 4 358
15 январи 2019 64 96 103 179 908 1 022 061 4,3 24 548 61 4 404
20 декабри 2019 63 99 999 187 612 1 053 232 4,3 27347 66 6 419
3 ноябри 2020 66 101 627 246 269 1 209 987 10 30 047 58 6 445
20 декабри 2022 68 108 668 265 080 1 325 842 10,4 37 438 103 7 486
10 августи 2023 68 110 010 268 612 1 368 261 10,6 40 109 80 6 496
1 майи 2024 70 112 493 274 297 1 397 005 10,5 48 216 73 6 512
Ҳоло 68 114 068 278 199 1 413 848 10,5 53 575 67 6 519

Нақди Википедияи Тоҷикӣ

Дар моҳи октябри соли 2017 дар сомонаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳномаи кумита нисбат ба ноширони муҳтавои Википедияи Тоҷикӣ пешниҳод шуд, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона ислоҳ карда шаванд[3], ин иттилоот мавриди баррасии якчанд нашрияҳои Русия гардид.[4][5] Гузориш барои ин воқеъот дар сомонаи тоҷикистонии Азия-Плюс[6] низ баррасӣ гардидааст. Муҳокимаи он дар саҳифаҳои Викиновости[7] ва саҳифаи гурӯҳи Tajik Wikipedia — Википедияи Тоҷикӣ дар Facebook 4—12 октябри соли 2017 нашр шудааст.[8]

Википедияи Тоҷикӣ ва Тоҷикистон

Гирдиҳамоӣ дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик барои ҳамкории Викимедиянҳои Тоҷик ва СИЭМТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба кори викинависони тоҷик зимни суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар дар 20 марти соли 2014[9] гуфт:

Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи Тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.

ва дар давоми суханрониаш гуфт:

Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад

Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик

Дар авохири соли 2022 викинависони тоҷик «Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик» (англ. Tajik Wikimedians User Group)-ро созмон доданд[10] ва ҳамзамон барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои марбут ба Википедияи Тоҷикӣ гурӯҳи телеграмии худро боз намуданд[11].

Барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук гурӯҳе бо ҳадафи шиносоӣ ба намунаҳои мақолоти донишнома ва навгониҳои оморӣ барои хонандагон дастрас аст[12].

Ҷаласот

Ҷаласаи Гурӯҳи корбарии Викимедианҳои Тоҷик, декабри 2023
Ҷаласа дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик 20 декабри соли 2023 бо пуштибонии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласае дар мавзӯъи «Тарғиби арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистон дар донишномаи Википедия» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор кард ва дар ин ҷаласа мудирони Википедияи Тоҷикӣ Дӯстмурод Саид ва Муҳаммад Ҳайдарзода, мудири Википедиёи Форсӣ Муҳсини Солик ва яке аз мудирони пешинаи Википедияи Русӣ Анастасия Лвова сухан гуфтанд[13].

20-умин солгарди Википедияи Тоҷикӣ
Маросими 20-умин солгарди Википедияи Тоҷикӣ дар меҳмонхонаи "Атлас", Душанбе

27 январи соли 2024 дар толори ҳамоиши меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе маросими 20-умин солгарди Википедияи Тоҷикӣ дар як мизи гирде бо ибтикори «Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик» ва ширкати фанноварию иттилоотии «Navju Tech» бо пуштибонии созмони Good Neighbors Tajikistan, ширкати Softclub, ширкати фанноварии Livo, ширкати мобилии «O Mobile» ва бо иштироки викинависон, кормандони муассисоту донишгоҳҳо, блогерон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор шуд[14][15].

Эзоҳ

  1. Wikimedia_News
  2. List of Wikipedias/Феҳристи Википедияҳо
  3. Сомонаи Wikipedia. 24 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2017.
  4. Казыбеков Э. Таджикистан: Власти хотят привлечь к ответственности авторов статей в таджикской версии «Википедии» за ошибки. Клооп (5 октябри 2017). 9 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 октябри 2017.
  5. Северный А. Википедии вышли боком ошибки в таджикском разделе. Vista News (4 октябри 2017). 9 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 октябри 2017.
  6. news.tj Азия-Плюс Комитет по языку Таджикистана выявил ошибки в Википедии на таджикском языке. И разозлился. 24 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.
  7. Таджикской Википедии сделали замечания и предложили заменить слово «энциклопедия»
  8. Tajik Wikipedia — Википедияи Тоҷикӣ www.facebook.com
  9. Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар — 20.03.2014
  10. Tajik Wikimedians User Group(англ.). meta.wikimedia.org. Meta. 11 Январ 2023 санҷида шуд.
  11. Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик. Telegram. 11 Январ 2023 санҷида шуд.
  12. Википедияи Тоҷикӣ — Tajik Wikipedia(тоҷ.). www.facebook.com. Facebook. 11 Январ 2023 санҷида шуд.
  13. Беҳтар намудани фаъолияти Донишномаи озод – Википедия(тоҷ.). Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (20 Декабри 2023). 26 Декабри 2023 санҷида шуд.
  14. В Душанбе состоялся церемония «20-летия Таджикской Википедии»(рус.). Медиа о людях и жизни в Душанбе (1 феврали 2024). 18 апрели 2024 санҷида шуд.
  15. Рао/Ро. Wikipedia-и тоҷикӣ 20-сола шуд. Мушкилу пешрафт кадом аст? ВИДЕО(тоҷ.), Радиои Озодӣ (31 Январ 2024). Проверено 18 апрели 2024.

Пайвандҳо

Форсӣ Тоҷикӣ Курдӣ Соранӣ Мозандаронӣ
1 019 673 114 068 87 442 73 043 45 147
Зазакӣ Осетинӣ Пушту Гилакӣ Толишӣ
42 158 19 430 19 961 15 654 8 176