Jump to content

Гармигузаронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармигузаронӣ — яке аз шаклҳои интиқоли гармӣ; раванди интиқоли энергияи дохилӣ (энергияи ҳаракати ҳароратии зарраҳои хурдтарин) аз қисми ҷисм (ё ҷисмҳо)-и баландҳарорат ба қисми пастҳарорати ҷисм (ё ҷисмҳо), ки боиси баробар шудани ҳарорати ҷисм (ё ҷисмҳо) мегардад.

Гармиро зарраҳои ҷисм (молекулаҳо, атомҳо, электронҳо, ионҳо ва ғайра) мегузаронанд (яъне дар натиҷаи ҳаракати худ зарраҳои баландэнергия ба зарраҳои пастэнергия гармиро интиқол медиҳанд). Чунин мубодилаи гармӣ дар ҳар ҷисме, ки тақсимоти ҳарораташ гуногун аст, ба амал меояд. Механизми интиқоли гармӣ ба тағйирёбии ҳолатҳои физикии модда вобаста мебошад. Тавсифи миқдории қобилияти гармиро гузаронидани ҷисм низ Гармигузаронӣ номида мешавад. Қобилияти гармигузаронии ҷисмро зариби Гармигузаронӣ (гармигузаронии хос) муайян мекунад. Воҳиди андозагирии Гармигузаронӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо Вт/м∙К мебошад.

Гармигузаронӣи ҷисмҳои гуногун ҳар хел аст. Гармигузаронии ҷисмҳои сахт ё моеъ аз Гармигузаронӣи газ бештар мебошад. Зариби Гармигузаронӣи вакуум (хало) тақр. ба сифр баробар аст, зеро дар хало миқдори зарраҳое, ки гармиро мегузаронанд, хеле каманд. Бо вуҷуди ин дар хало ҳарорат тавассути афканишот интиқол меёбад. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани гармӣ (сардӣ) термосро дуқабата сохта, қабатҳои онро бо нуқра андуда (чунин сатҳ афканишотро хуб инъикос мекунад), ҳавои байни онҳоро берун мекунанд. Гармигузаронӣи графиту алмос бештарин (мувофиқан 4840-5300 ва 1001—2600 Вт/м∙К) буда, Гармигузаронӣи пахтаву ҳаво камтарин (мувофиқан 0,055 ва 0,026 Вт/м∙К) аст.