Jump to content

Гулӯлабарқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулӯлабарқ дар ҳаккокии садаи XIX

Гулӯлабарқ, барқи куравӣ — падидаи табиъии нодире, ки хеле кам дучор меояд.

Гулӯлабарқ ҷисми мурӯдшакли мунири қутраш 10-20 см (баъзан аз он зиёд) буда, аз чанд сония то чанд дақ. медурахшад ва энергияи азим дорад. Табиати гулӯлабарқ ҳанӯз муфассал омӯхта нашуда, назарияи ягонаи физикии пайдоиш ва ҷараёнгирии он вуҷуд надорад. Назарияҳое, ки ин падидаро шарҳ медиҳанд, зиёд мебошанд, вале ҳеч яки онҳо аз тарафи аксарияти олимон дастгирӣ наёфтаанд. Дар шароити лабораторӣ бо усулҳои гуногун падидаҳои кӯтоҳмуддати шабеҳи гулӯлабарқ ба даст оварда шудаанд, вале табиати онҳо омӯхта нашудааст. Ақидае мавҷуд аст, ки гулӯлабарқ табиати электрӣ дошта, шакли махсуси барқ мебошад. Мувофиқи суханони шахсони гулӯлабарқро мушоҳидакарда он, одатан, ҳангоми раъду барқ ва ҳавои тӯфонӣ пайдо мешавад. Вале шахсоне низ ҳастанд, ки дар ҳавои офтобӣ гулӯлабарқро мушоҳида намудаанд. Гулӯлабарқҳо боиси харобиҳо ва ҳалокати одамон шуда метавонанд.