Jump to content

Лорд Байрон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лорд Байрон
англ. George Gordon Byron
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. George Gordon Byron
Таърихи таваллуд: 22 январ 1788(1788-01-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 апрел 1824(1824-04-19)[3][4] (36 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: шеър[d] ва Gothic literature[d]
Забони осор: инглисӣ[8]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Лорд Го́рдон Ба́йрон, аз соли 1822 — Ноэл-Байрон, аз соли 1798 — 6-умин барон Байрон (англ. George Gordon Byron (Noel), 6th Baron Byron; 1 (22) январ 1788, Лондон — 1 (19) апрели 1824, Миссолунги, Юнони Усмонӣ), маъмулан ба лорд Байрон (Lord Byron) — шоири инглис пайрави равияи романтизм.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тиринти-Коллеҷи Донишгоҳи Кембриҷ таҳсил кардааст (аз соли 1805). Унвони баронро дошт (1809) ва узви Палатаи лордҳо буд.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Соати фароғат» (1807) ба мунаққидон писанд наомад. Дар ҷавоб шоир эссеи «Бардҳои англис ва шореҳони шотландӣ»-ро иншо намуд. Солҳои 1809—1811 ба Португалия, Испания, Албания, Туркия ва Юнон сафар кард. Таассуроти сафарашро ба шакли рӯзнома дар достони «Мусофирати Чайлд Ҳаролд» (Чайлд унвонест, ки дар Англия ба наврасони ашрофия дода мешуд; 1812—1818) нигошт ва баъди нашри он шуҳрати шоирӣ пайдо намуд. Достонҳои «шарқии» ӯ (солҳои 1813—1816) «Роҳзан», «Кофир», «Арӯс аз Абидоссия», «Муҳосираи Коринф» ва ғ. дар навъи эпоси ғиноиву ҳамосӣ (лирикию эпикӣ) эҷод шудаанд. Аз ҷавонӣ ашъори Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҳофиз ва дигаронро пайваста мутолиа мекард. Бар асари ҳамин мутолиот ба эҷодиёти ӯ «мавзӯъҳои шарқӣ» роҳ ёфтаанд. Дар суруди дувуми достони «Мусофирати Чайлд Ҳаролд» аз Ҳофиз ёдовар шуда, достони «Бармаид»-ро дар пайравии Ҳофиз эҷод кардааст. Силсилаи шеърҳои Байрон бо номи «Таронаҳои яҳудӣ» (1813—1815) ба аксари забонҳои Аврупо тарҷума шудааст. Соли 1816 Байрон аз доираи ашрофия дур шуда, Британияи Кабирро тарк намуд ва сокини Швейтсария гардид. Аз он ҷо ба Итолиё кӯчид. Давраи нави фаъолияти эҷодии Байрон бо эҷоди достони драмавӣ-фалсафии «Манфред» (1817) шурӯъ гардид. Қаҳрамони асар шахси аз ҷомеа дур ва «рӯҳан хасташуда» мебошад. Ин асар мубоҳисае буд бо «Фауст»-и Гёте. Аз романи манзуми Байрон «Дон Жуан» (1819—1824; нотамом) бармеояд, ки аз романтизм ба реализм рӯй овардааст. «Дон Жуан»-и Байрон аз асарҳои шоирону нависандагони диг., ки дар ин мавзӯъ навишта буданд, фарқ дорад. Байрон қаҳрамонашро танзомез тасвир кардааст.

Дар зери таъсири эҷодиёти Байрон ва шахсияти ӯ (аксари асарҳояш хусусияти тарҷумаиҳолӣ доранд) дар Аврупо ҷараёне бо номи байронизм — тафаккури ҷудоӣ аз ҷомеа, дурӣ ҷустан аз он, бовар надоштан ба ормону орзуҳо (идеалҳо) ва дар айни замон, ошӯбгарию озодихоҳӣ пайдо шуда, ба маданияту адабиёти аксари кишварҳо таъсир гузошт.

Тарҷумаи шеърҳо ба тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шеърҳои Байрон «Ту гиря кардӣ», «Ту роҳи ҳаётро тай кардӣ» (дар тарҷумаи Р. Ҷалил ва А. Деҳотӣ), «Прометей», «Вақт», «Ба Томас Мор», «Ба қаҳрамони халқ», «Дар албом», «Ибрат», «Катибаи ҷамҷама» (дар тарҷумаи Байрон Собир; маҷ. «Садои Шарқ», 1968, № 4) ба тоҷикӣ баргардонида шудаанд. Дар матбуот тарҷумаҳои ашъори Байрон аз нусхаи асл (дар тарҷумаи Назри Яздон) ба табъ расидаанд.

  1. 1.0 1.1 L. S. Byron, George Gordon (ингл.) // Dictionary of National Biography / L. Stephen, S. LeeLondon: Smith, Elder & Co., 1885. — Vol. 8. — P. 132—155.
  2. 2.0 2.1 Байрон, Джордж-Ноэль-Гордон (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. IIа. — С. 726—730.
  3. 3.0 3.1 3.2 E. H. C. Byron, George Gordon Byron, 6th Baron (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 4. — P. 897—905.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. Байрон // Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
  6. Archivio Storico Ricordi — 1808.
  7. Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
  8. CONOR.Sl
  • Сидоренко Л. В. Комментарии Байрона к восточным повестям // Вестник Ленинградского университета. Серия «История. Язык. Литература». 1970, № 14;
  • Ҳабиб Юсуфӣ. Пушкин ва Байрон // Роҳи нотамом. Д., 1973;
  • Шокир Мухтор. Байрон ва Шарқ // г. «Тоҷикистони Советӣ», 1985, 21 июл.