Jump to content

Мавлавия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвешон. Қуния, Туркия.

Мавлавия (ар. مولوية‎) — яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки тавассути Ҷалолуддини Румӣ дар асри XIII таъсис ёфта буд.

Асоси таълимот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси таълимоташ руҷуъ ба ботин, назар ба ваҳдат ва эътироз аз зоҳир буд. Асосан дар Шарқи Миёна ва Наздик интишор ёфта, ҷамеътарин маросимашон рақсу самоъ ба шумор мерафт, ки он рамзи гардиши афлоку ҷисмҳои осмонӣ буд. Аз ин рӯ дар Ғарб мавлавия бо номи дарвешони чархон низ маълуму машҳур аст. Ҳангоми аз ҷониби дарвешони чархон ба ҷо овардани маросими рақсу самоъ гӯё пайравони мавлавия ба осудагӣ ва саодати руҳонӣ наздик мешудаанд.

Бино ба маълумоти муҳаққиқон барои узви ин силсилаи тасавуф шудан солик бояд 1001 рӯз хидмати сӯфиён ва муршидони онро ба ҷо меовард. Аввал бояд 40 рӯз ҳезумкашӣ ва ҳамин тариқ 1001 рӯз хидмат карда, аъзои комилҳуқуқи силсила мешуд ва баъди ғусли тавба ба риёзату муҷоҳида мепардохт.

Мавлавия ҳоло ҳам дар баъзе мамолики араб фаъолият дорад. Дар аҳди салтанати Сафавиён пайравони мавлавияро ба назари ифротӣ айбдор карда, онҳоро аз Эрон берун ронданд. Ҳангоми ҳукмронии Усмониҳо мавлавиён дар Туркия нуфузи зиёд доштанд, вале баъди ҷумҳурӣ эълон шудани он нуфузи ҳудро аз даст доданд.