Jump to content

Тиристор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аломати шартии тринистор дар схемаҳои принсипиалӣ


Тиристорҳои гуногуни даврони Шӯравӣ. Аз чап ба рост: Т-15, Т-10, КУ-202В, КУ-101Е

Тиристор - қисми нимноқилии афзори электронӣ ё радиоэлектронӣ, ки дар асоси монокристалли нимноқили ду ё зиёда p-n -гузаришдошта сохта мешавад. Тиристор ду ҳолати устувор дорад: «кушода» ва «пӯшида» ( мувофиқан гузаронандагии электрии хуб ва бад). Тиристор асосан барои идоракунии занҷири электрии пуриқтидор бо ёрии сигнали электрии камиқтидор ба кор бурда мешавад. Тиристор се электрод дорад: анод, катод ва электроди идоракунанда.

Википедиаи русӣ

Черепанов В.П., Хрулев А.К. Тиристоры и их зарубежные аналоги. Том 2. Москва: Издательское предприятие «РадиоСофт», 2002