Қозӣ Бурҳонуддин
Зоҳир
Қозӣ Бурҳонуддин | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир |
Таърихи таваллуд: | 1345 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1398 |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Вироиши Викидода |
Қозӣ Бурҳонуддин Аҳмад (форсӣ: قاضی برهانالدین; 1345, Қайсария — 1398, Сивос) — шоир, донишманд ва давлатмард.
Бурҳонуддин илмҳои маъмули замонро дар назди падараш омӯхта, баъд аз он ба Миср, Димашқ ва Ҳалаб рафтааст. Ба зодгоҳаш баргашта дар синни 21-солагӣ қозӣ таъйин гардид (1365-80). Баъд аз он ҳокими Сивос (Туркия) шуд. Девони ашъори ӯ дар Осорхонаи Британия дар Лондон маҳфуз аст, ки аз 1500 ғазал, 20 рубоӣ, 119 пораи шеърии дорои мазмуни тасаввуфӣ иборат мебошад. Қозӣ Бурҳонуддин осори бадеӣ ва фиқҳиашро ба забонҳои форсӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ ва арабӣ навиштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бурҳонуддин // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.