Ҷӯра Ҳошимӣ
Таърихи таваллуд: | 9 январ 1948 (76 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Ҷӯра Ҳошимӣ (9 январи 1948, ноҳияи Конибодом) — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2022), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷӯра Ҳошимӣ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар мактабҳои Конибодом гирифта, соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти касбии Ҷӯра Ҳошимӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ дар Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз ёфта, минбаъд ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, мудири бахши адабиёт ва санъати рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»-и имрӯза), котиби масъули маҷаллаи «Чашма» ва сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии мактаббачагон — «Гул-гул», адои вазифа кардааст. Аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ аз соли 1965 ба табъ расида, ҳамчун шоир ба майдони адабиёт аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ворид гардидааст.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобҳои ашъори ӯ «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии Абдумалик Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), «„Ре“ мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғ. дар пешрафти адабиёти кӯдакон ва тарбияи насли наврас мақоми шоён доранд. Силсилаи ашъори ватандӯстонаи ӯ «Хатти амонӣ» (1989) раҳовардест аз даврони аскарӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, анҷом додааст. Ҳамроҳи оҳангсозони шуҳратманди ҷумҳурӣ, монанди Ш. Сайфиддинов, Ҷ. Охундзода, Қ. Яҳёзода, Х. Абдулло, З. Зулфиқоров, Зарина Миршакар, Ҷ. Обидпур ва диг. барои кӯдакону наврасон як қатор сурудҳои ҷолиб офаридааст. Намунаҳои эҷодиёти ӯ ба китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагониву донишкадаҳои олӣ ворид гаштаанд. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1982);
- Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994);
- Медали тилои Хазинаи сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1998);
- Медали «Хидмати шоиста» (2003);
- Нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2009);
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012);[1]
- Шоири халқии Тоҷикистон (2022)[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.281 — 282 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Чанд нафар адибон соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва унвони ифтихории Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон гардиданд(тоҷ.). АМИТ "Ховар". 26 августи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 сентябри 2022.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 январ
- Зодагони соли 1948
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Конибодом
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Шоирони Тоҷикистон
- Адибон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Шоирони халқии Тоҷикистон