Jump to content

Сӯзок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сӯзок
ИхтисосDermatology, Мезроҳпизишкӣ, Пизишкии занон Edit this on Wikidata
Сӯзок
МКБ-10 A54
МКБ-9 098098
DiseasesDB 8834
MedlinePlus 007267
eMedicine / 
MeSH D006069

Сӯзок (аз юн.-қад. γόνος «манӣ» ва ῥέω «шоридан») — пармев, гонорея, триппер, бемории узвҳои таносул, ки микробҳои гонококк ба вуҷуд меоранд. Сӯзок аксар дар натиҷаи алоқаи ҷинсии тасодуфӣ пайдо мешавад.

Одам басӯзок, одатан, ҳангоми муҷомаат сироят меёбад. Аз ин рӯ, гонококкҳо бештар узвҳои таносулу пешоброҳаро иллатнок мегардонанд.

Манбаи сироят

[вироиш | вироиши манбаъ]

Манбаи асосии сироят мард ё занест, ки гирифторисӯзок мебошад. Ҳангоми ҷимоъ гонококкҳо ба пардаи луобии узвҳои таносулу пешоброҳа мегузаранд ва боиси илтиҳоби ҷузъӣ мегарданд. Сирояти гонококкҳо ба тавассути ашёи умумии рӯзгор (ҷойхоб, дастмол, сачоқ ва ғайра) низ метавонад ба амал ояд; баъзан онҳо боиси илтиҳоби пардаи луобии чашм (ниг. Бленнорея) ва даҳон ҳам мешаванд.

Нишонаҳои беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нишонаҳои беморӣ, одатан, баъди 3 – 5 рӯзи сироят зоҳир мегарданд. Мардҳо пайдо шудани таб, хориш ва сӯзишро дар қисми пеши пешоброҳа (хусусан ҳангоми ихроҷи шоша) ҳис мекунанд. Дар аввал каме пешоби хокистарранг мебарояд. Баъди 1 – 2 рӯз аломатҳои беморӣ бештар зуҳур ёфта, пешоб зиёд, римолуд ва ғализу сабзи зардтоб мегардад. Ҳангоми пешобронӣ сӯзиши ҷонкоҳ ҳис мешавад; шабҳо нуузи дарднок ба вуҷуд меояд. Вазъи умумии бемор чандон тағйир намеёбад; ҳарорати бадан қадре баланд мешавад ва одам худро беҳол ва беиштиҳо ҳис мекунад. Сӯзоке, ки сари вақт муолиҷа нашудааст, тадриҷан дигар узвҳо (ғадуди простата, халтачаи нутфа, изофаи хоя)-ро фаро мегирад; беморӣ тӯл мекашад ва ниҳоят ба шакли музмин мегузарад. Он аз ҳаяҷони шаҳвонӣ, истеъмоли машрубот, хӯроки тунду тез ва ғайра ҳар сари чанд вақт авҷ мегирад. Дар рафти инкишофи беморӣ баъзе оризаҳо (масалан, баста шудани изофаи хоя) рӯй медиҳанд, ки боиси бенаслӣ гардида, табобати бардавом ва баъзан амалиёти ҷарроҳи (ҳангоми танг шудани пешоброҳа)-ро тақозо мекунанд.

Сӯзоки шадид дар занҳо баръакси мардҳо сусту ноаён мегузарад. Ихроҷи фасод аз маҳбал, хоришу сӯзиши узвҳои таносули беруна ва чатан, дарди ҷонкоҳ, тез-тез пешоб кардан зуд қатъ мегарданд. Зан худро солим пиндошта, ба духтур муроҷиат намекунад ва ҳамин тавр манбаи сироят мегардад. Илтиҳоб бошад, торафт бештар паҳн шуда, ба бемории тӯлонӣ табдил меёбад. Дар натиҷа луобпардаи нойи тухмгузар ғафс мешавад, обварам ва хадшаи бофтаҳо ба амал меояд; минбаъд нойи бачадон баста шуда, ҳуҷайратухм аз тухмдон ба бачадон гузашта наметавонад (ин боиси бенаслӣ мегардад).

Ҷамъ омадани фасод дар нойҳо боиси дарди доимии камар ва зери шикам хоҳад шуд. Фасод аз тухмроҳа ба хун гузашта, организмро заҳролуд мекунад, дар натиҷа зан тундмизоҷ ва давраи ҳайз номураттаб (тӯлонӣ, дарднок, афзудани хунравӣ) мегардад. Сӯзоки музмин ҳар сари чанд вақт хуруҷ меёбад (баъди хунук хӯрдан, ҳангоми ҳайз, ниҳоят хаста шудан ва ғайра). Ҳар як хуруҷи беморӣ боиси тағйироти ҷиддии узвҳои иллатёфта ва паҳн гаштани газак ба узвҳои ҳамшафат мешавад. Минбаъд ҷараёни илтиҳоб тухмдонро низ фаро мегирад.

Сӯзоке, ки табобат нашудааст нафақат ба узвҳои таносул осеби ҷиддӣ мерасонад (боиси бенаслӣ ва дигар бодҳои ногувор мегардад), балки дил, банду буғумҳо ва ғайраро низ иллатнок месозад. Бинобар ин баробари зуҳур ёфтани нишонаҳои аввалини беморӣ фавран ба диспансер ё ҳуҷраи бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ муроҷиат бояд кард. Қонунгузорӣ аз тарафи духтурон комилан пинҳон дошта шудани сирри беморонеро, ки гирифторисӯзок мебошанд, пешбинӣ мекунад; ташхисро дар варақаи беморӣ наменависанд. Усулҳои замонавии табобат дар сурати сари вақт муроҷиат кардан баҳри шифои комили бемор имконият медиҳанд. Самараи табобат аз бисёр ҷиҳат ба худи бемор низ вобаста аст. Дар давоми табобат алоқаи ҷинсӣ манъ мебошад. Ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бояд ҳатман риоя кард; баъди қазои ҳоҷат дастро бо обу собун шустан лозим. Аз истеъмоли ғизои тунду тез (мурч, хардал, қаламфур ва ғайра), инчунин машрубот (хусусан пиво) худдорӣ бояд кард. Рондани велосипед, оббозӣ, кори зиёди ҷисмонӣ ва бисёр роҳ гаштан мумкин нест. Ҳар чӣ зиёдтар бояд обу чой нӯшид. Дар хотир бояд дошт, ки нарафтани фасод аз узвҳои таносул ва эҳсоси сабукӣ баъди 1 – 2 рӯзи истеъмоли доруҳо ҳанӯз маънои пурра сиҳат шуданро надоранд. Дар сурати бармаҳал қатъ кардани табобат беморӣ мумкин аст шакли музмин гирад. Баъдисӯзок иммунитет ҳосил намешавад. Аз мубошарати тасодуфӣ худдорӣ бояд кард. Ва агар он ба вуқӯъ омада бошад, пас фавран пешоб карда, бо оби гарму собун узвҳои таносулро шустан лозим аст. Бо ин роҳ гонококкҳо ба тарзи механикӣ дур карда мешаванд. Дар соатҳои аввали баъди мубошарати тасодуфӣ ба яке аз пунктҳои пешгирии бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ муроҷиат бикунед. Рифола (презерватив) воситаи эътимодбахши муҳофизат аз сирояти микробҳои бемориовар аст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Венерические болезни, М., 2001;
  • Зоиров П. Т., Венерические болезни, Д., 2005;
  • Зоиров П. Т., Частная дерматология и венерология, Д., 2007.