Шумора
Зоҳир
Шумора () - ҳиссаи номии нутқ буда, миқдор ва тартиби ашёро ифода менамояд ва ададҳоро номбар мекунад. Шумора ба саволҳои "чӣ қадар?" ва "чандум? ҷавоб мешавад. Дар ибораи "чаҳор китоб" ва "чорсаду бисту панҷ рӯзи меҳнат" ададҳои "4" ва "425" миқдори ашёро мефаҳмонанд. Дар ифодаҳои математикии "ду карат ду - чаҳор", "шашу ҳашт - чаҳордаҳ" шумораҳои ду, чаҳор, шаш, ҳашт, чаҳордаҳ ададҳоро ифода мекунанд. Дар ибораи курси сеюм, хонаи рақами ҳаштум тартиби шумори ашёро мефаҳмонанд. Шумораҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 356саҳ.