Jump to content

Биёбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биёбон

Биёбон — саҳрои камобу алаф, бодия, замини нокорам, ҳудуди иқлимаш хушки континентии арзҳои муътадил, субтропикӣ ва тропикӣ.

Миқдори бориши солонаи биёбон 150—175 мм буда, бухоршавӣ назар ба миқдори солонаи бориш чандин маротиба зиёд аст. Ҷараёни обҳои рӯизаминӣ кӯтоҳмуддатанд ё вуҷуд надоранд. Обҳои зеризаминӣ — шӯр, қабати хок — тунук ва ҷамъшавии намакҳо дар хок зиёд аст. Олами набототи биёбон ниҳоят камбағал, рустаниҳояш камшоху камбарганд, танҳо эфемерҳо, эфемероидҳо, суккулентҳо, галофитҳо мерӯянд. Ҳайвонҳо, одатан, шабгарданд. Киштзорҳо ба таври сунъӣ обёрӣ мешаванд. биёбонҳо санглох, гилӣ, регзор, шӯрзамин ва ғ. шуда, биёбони Арктика аз ҷумлаи биёбонҳои махсус аст.